КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН АЛАБУГА (ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ).
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои кор дар Ҷумҳурии Тотористон Алабугаи Федератсияи Россия барои соли 2025 даъват менамояд:
Корҳои хизматрасонӣ дар тарабхонаву меҳмонхона, сохтмон, ронандаи дараҷаи B,C,D,E
Аз довталабон талаб карда мешавад:
Нусхаи сканершудаи шиносномаи хориҷӣ (паспорт), Рақами WhatsApp
Музди меҳнат: аз 100 000 рубли русӣ боло, Сину сол: аз 21 то 50 сола,
Реҷаи корӣ: 6 рӯз корӣ дар як ҳафта, 8 соат корӣ дар як рӯз.
Шароити зист:
Ҷойи хоб ва бо асбобҳои корӣ таъмин карда мешавад,
Бо либоси махсус, пойафзоли корӣ таъмин карда мешаванд,
Хӯрок аз ҳисоби корфармо таъмин мегардад.
Телефонҳо барои тамос: 225 05 75, 550100005, 938131372, 905131373.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират