Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд фаъолияти меҳнатии худро дар Федератсияи Россия идома диҳанд ва ҳамзамон мехоҳанд соҳиби Сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин кишвар гарданд, ба суроғаи: Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии “Маркази сершуғли муҳоҷират” (МДБ “МСМ”) дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 129 муроҷиат намоянд.
Бояд махсус қайд кард, ки шаҳрванд пеш аз супоридани имтиҳонот аз забони русӣ, бояд ҳатман маблағи муқарраргардидаи муассисаи мазкурро бо қайди бонки (квитанция) гузаронида, ба Муассисаи давлатии буҷавии “Маркази сершуғли муҳоҷират” муроҷиат намояд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират