Ҷомеаи сернуфӯзи сайёраи Замин дар таркиби худ гурӯҳу нафаронеро дар бар мегирад, ки барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ хизматҳои арзандаро анҷом додаанд ва ин ҷараёни мусбат идома ёфта истодааст.
Мутафаккиру файласуфони сатҳи олам баҳри беҳбудии ҳаёти фардои ҷомеа андешаҳои солим ва ояндабинро баёну таъкид намуда, рушди бемайлони башариятро башорат медиҳанд. Дар қатори бузургони олам даҳҳо симоҳои намоёни миллати таҳҷоии сарзамини тоҷикро метавон қайд кард.
Мутаассифона, дар ҷомеаи инсонӣ на ҳамаи инсонҳо солимандешу накӯхоҳанд. Баъзе гумроҳон моили расонидани таъсири муайян ба тафаккури ҷомеа мебошанд, ки ғарази ниҳоии онҳо ба даст овардани манфиату маблағи муфт мебошад.
Ин ифротзадагони бадбахт дар заминаи хоинию ватанфурӯшии худ имрӯзҳо аз эҳсосоти гуворои ватандорӣ маҳрум шудаанду дар Аврупо қадре надоранд. Бар замми он, аз ҷониби ин фардҳои нолоиқ афкандани санги маломат ба сӯи Ватани биҳиштосоямон ба мушоҳида мерасад, ки шаҳодати бадбахтии бадандешон мебошад.
Зеро, нафари бадандеш ботини бадхоҳу бадахлоқ дорад. Дар ҷараёни ҳаётии ҷомеа ин хоинони миллат бо хӯрдагириҳои ноҷоя мехоҳанд, сулҳу суботи кишвари моро ноором кунанд. Ҳамаи ин макру фиреб, палидиву разилӣ, бӯҳтонбофиву фитнасозӣ, иғвоангезиву касифӣ ва хислатҳои дигари ифротгароёнро мардуми шарифи кишвар хеле хуб огоҳанду якдилона маҳкум мекунанд.
Мардуми кишвар бо шукронаи давлатдории соҳибистиқлол, оромию осудагӣ ва суботи сиёсии давлат ҳамеша омодаанд, ки бар зидди ин тоифа муборизаи беамон баранд.
Зеро, ҳифзи арзишҳои миллӣ якпорчагӣ, обрӯву нуфӯзи давлат барои ҳар як тоҷикистонӣ қарзу вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ асту ҳар фарди солимандеши Ватан онро сарбаландона ба иҷро мерасонанд.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе