• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» доир гардид

Migration Service by Migration Service
15.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» доир гардид
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter


Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, 14 майи соли 2016 бо пешниҳоди парлумони кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар асоси он ба моддаи 2-и Қонуни мазкур боз як рӯзи таърихӣ илова карда шуда, 16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.

Дар ин асно, тибқи Нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар ҳошияи аксияи ҷумҳуриявии ҳизбӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеъ дар ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад, доир гардид.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар аксияи болозикр раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, командири қисми ҳарбии 3502-и ҚД ВКД ҶТ полковник Обидов Маҳмадалӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Алиматов Содиқ ва Муҳиддинов Одина, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Олимзода Орифҷон Олим, мудири бахши кор бо занон ва оила Саидова Назира, намояндагони шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии зикргардида ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.

Нахуст, масъулин бо сухани табрикотӣ ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президент, 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, аз корномаҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуданд.

Инчунин, масъулин иброз доштанд, ки саҳми арзандаву хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату каҳрамонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.

Дар ин замина, масъулин ибрози андеша намуданд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.

Дар баробари ин, аз ҷониби масъулин ироа гардид, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумла қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми шароитҳои хизматбарӣ, аз ҷумла маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншоотҳои маишию хизматӣ таъмин карда шудаанд.

Хулоса дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Баъдан, бо ҳузури иштирокчиён ва афсарону сарбозон маросими роҳпаймоӣ бо парчамҳо ва шиору овезаҳо баргузор гардид.

Дар қисмати тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири афсарону сарбозонро шод намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандон барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа бо сипосномаву раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Дод аз дасти ҷаҳлу ифрот

Next Post

XVI сессия Верховного Совета стала для народа Таджикистана обретения государственности

Next Post
XVI сессия Верховного Совета стала для народа Таджикистана обретения государственности

XVI сессия Верховного Совета стала для народа Таджикистана обретения государственности

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.