Рӯзи 18 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии муҳоҷир қайд карда мешавад.
Бахшида ба ин рӯз, аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторхои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, марказҳои тиббӣ, шарикони рушд ва дигар идора ва муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар доираи баргузории мизи мудаввар тамоми самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла аз ташхиси тиббӣ гузаронидани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, омӯзиши забон, таърих ва фаханги давлатҳои муҳоҷирпазир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом ба саволҳои иштирокчиён аз тарафи масьулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ