Худшиносӣ яке аз арзишҳои эҷодкардаи инсон мебошад. Зеро он дар ҳалли бунёдкорӣ инсонро ҳамсафар гардида, ба бузургдошти арзишҳои суннатӣ ҳидоят мекунад. Шинохтан пояи устувориест, ки ҳар миллат мавҷудияти худро дар канори хонаводаи миллатҳои мухталифи ҷаҳон барои эҳтиром нишон медиҳад. Зеро маърифатнокӣ худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди ҷомеа ба таълиму тарбияи дурусти дар руҳияи миллӣ бароҳ монда вобаста мебошад. Ҳар як миллатро шахсиятҳои бонангу бономус ва ватандӯсти он обод намуда, дар тараққиёти он саҳм мегузорад.
Худшинос будан низ нишонаи ватандорист. Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ маҳдуд нашуда, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халқҳои дигар низ бояд огоҳ бошад. Беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омӯхта, барои пешрафти миллати худ истифода намояд. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надоранд, ки худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башар саҳм гирифтааст”. Ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ аст.
Мавзӯи худшиносии миллӣ айни замон яке аз мавзӯҳои муҳим дар илмҳои ҷомеашиносӣ маҳсуб мешавад. Мавзӯи мазкур асосан предмети омӯзиши илмҳои фалсафа, равоншиносӣ, сотсиология ва сиёсатшиносӣ қарор гирифтааст. Ин мафҳум аз ҷиҳати моҳият, нуқтаи назар ва дидгоҳҳои гуногун хеле васеъ аст. Асоси таркиби мазкур худшиносӣ (самосознание) буда, аввалин омӯзишҳо дар ин бора ба илми фалсафа рабт дорад, ки мухтасаран он ҳамчун амали инъикос аз ҷониби шуури худ ва ҳам дар натиҷаи ин инъикос дарки дониши худ фаҳмида мешавад. Шинохти рӯҳиву ҷисмонии инсон аз тарафи худи ӯ оғози хештаншиносии ибтидоияш мебошад. Илм исбот намудааст, ки худшиносӣ – аз ҷониби инсон шинохтани худ (ҷисман, фикран, эҳсосот, мавқеъ ва муносибаташ ба дигарон) ба ҳайси шахсияти хосу воҳид мебошад.
Ба ақидаи коршиносон тарбияи худшиносӣ барои ҳар як халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Худшиносии миллӣ асосан ба чунин унсурҳое, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб, расму анъанаҳо ва муқаддасоти миллӣ такя мекунад. Таъриху ҳақиқатнигорӣ хотираи инсоният аст. Таҷрибаву корандӯзиҳои гузашта боиси мустаҳкам гаштани пойдевори оянда мегарданд. Ифтихору сарбаландӣ аз аҷдоду ниёи худ як рукни худшиносист. Аз ин рӯ, ҳар як миллатро зарур аст, ки дар шинохту дарки гузаштаи саъйу кӯшиши комил дошта бошад, то миёни дигар халқиятҳо соҳибэҳтиром бошад, зеро “дарки худшиносии миллӣ дар эъмори давлати мутамаддини тоҷикон пояи асосӣ ба ҳисоб меравад. Донистани таъриху забон ва фарҳанги миллатро роҳбари кишвар ба ҷавонон пайваста талқин менамоянд, ки ҳамин омил дар вуҷуди онҳо мафҳуми бедории миллиро эҳё менамояд”
Паёми Пешвои миллат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 таҳкиму тақвияти худшиносии миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод. Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ пояи устувори суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бедорсозии худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули ҳувияти миллии устувор дар роҳи пойдории Ваҳдати комил ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳим аст. Аз ин ҷост, ки баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шавад.
Худшиносии миллӣ заминаи ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву бунёдкорӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Пойдории адолат, хирад, накӯкорӣ, сарбаландиву некномӣ низ аз худшиносӣ аст. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ тадбири муҳимму таъхирнопазир дар раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ мебошад.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

