• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст

Migration Service by Migration Service
27.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ва меҳварӣ дар назди давлату ҳукумат ба шумор меравад. Ин нукта, дар вохӯрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Эсамбой бо сокинони деҳаҳои Чагам ва Марғзори ноҳияи Рӯдакӣ ироа гардид.

Дар чорабинии мазкур вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Ю., муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М., мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират, дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва намояндаи раёсати Агентии шуғли аҳолии ноҳия иштирок ва баромад намуданд.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт, яъне баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чандин қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул намудааст, ки маҳз ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Қабул ва амалисозии ин санадҳои олии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон намудани ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, масъулиятшиносии шаҳрвандони мамлакат боло рафта, метавонанд бо таҳаммулпазирӣ ва сатҳи баланди маърифатнокӣ дар рушду пешрафти давлат ва тарбияи ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ саҳм гузоранд.

Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар ҳастанд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва ҷомеа саҳм гузорад.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ барои тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳо андешида, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандонро дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми ниҳоду сохторҳои давлатиро муваззаф месозад, ки ҳомию муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бошанд ва дар ин самт фаъолияташонро пеш бурда, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 маҳз ба ҳамин мақсад равона гардида, аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд. Ин, албатта, аз як ҷониб эҳтиром ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аз тарафи дигар, заминаи устувор гузоштан ба бунёди ҷомеаи шаҳвандӣ мебошад. Зеро танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир мегардад, – қайд намуданд баромадкунандагон.

Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар фазои озод ва саволу ҷавоб ба анҷом расид.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ

Previous Post

Хатари терроризм ва роҳҳои мубориза бо он дар ҷаҳони муосир

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

Next Post
Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.