• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Migration Service by Migration Service
23.01.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
315
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таъкид намуданд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебоша

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки «Соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ, яъне ба истиқболи 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шавад».

Дар ин ҷода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.

Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад – он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.

Дар идомаи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъкиди он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолияте аст, ки дар амалигардонии он ҳамаи сохторҳои давлатӣ нақши асосӣ дорад.

Маънои маърифат ин тибқи имлои забони тоҷикӣ “барнома оид ба паҳн кардани илму дониш дар байни омма ва умуман маърифатнок кардани аҳолӣ” тасвир ёфтааст.

Ба ҳайси ҳадафи асосии маърифати ҳуқуқӣ ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ баромад менамояд.

Ба шумули масъалаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ инҳоро метавон мансуб донист:

ба даст овардани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба қонунгузорӣ, қонуният, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо;

боз ҳам боло бурдани нақши ҳуқуқ ҳамчун арзиши бебаҳси иҷтимоӣ;
эҳтиром ба қонун;
дар доираи хонандагону донишҷӯён аҳли ҷомеа боз ҳам густариш додани тамоюл, нишондод ва одатҳо бо рафтори мутобиқи қонун.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст.

Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Дар маҷмӯъ таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ як қисмати раванди умумии ташаккули маънавии шахсият ба шумор меравад, ки бидуни он сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо эълони арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ номумкин мегардад.

Ташаккули як шахсияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат зина ба зина сурат мегирад. Хишти аввалро дар ин раванд муҳити оила мегузорад.

Чигунагии сатҳи тарбия дар оила пеш аз ҳама аз дараҷаи камолоти маънавии волидайн ва роҳу усулҳои тарбия дар оила вобастагӣ дорад.

Баъдтар ин ҷараён дар боғчаи кӯдакон ва ба дунболи он дар мактаби миёна идома пайдо мекунад.

Воситаҳои ахбори омма низ бо назардошти минбари васеи таъсиррасониву иттилоотӣ ва омӯзишӣ – маърифатӣ доштани худ бояд мавзӯъҳои ҳуқуқиро бештар инъикос кунанд.

Бо ҷалби ҳуқуқшиносон ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Тарбияи ҳуқуқӣ кори ҳамоҳанги тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ ва дигар бахшҳои ҷомеаро тақозо менамояд.
Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд.

Роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳ доштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад.

Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати мамлакат сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд.

Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ гузоранд.

Соли 2024 таъин гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ мо кормандони Хадамоти муҳоҷиратро водор месозад, ки дар қатори дигар корҳои ба анҷом мерасонда, ҳангоми вохӯриҳо бо мардум дар маҳалаҳо дар ҷаласаҳо бо иштироки васеи аҳли ҷомеа моҳият, мазмун ва аҳамияти маърифати ҳуқуқиро пурра фаҳмонида, мардумро барои риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ даъват намоем.

Саидова Саида,
корманди шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Дар мубориза бар зидди зуҳуроти ифротӣ дастҷамъ бошем

Next Post

Суҳбату вохӯриҳои ҷолиб дар ноҳияи Файзобод идома дорад

Next Post
Суҳбату вохӯриҳои ҷолиб дар ноҳияи Файзобод идома дорад

Суҳбату вохӯриҳои ҷолиб дар ноҳияи Файзобод идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.