• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз бемориҳои сирояткунанда

Migration Service by Migration Service
22.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз бемориҳои сирояткунанда
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар бинои “Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ” бо назардошти “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза  бар зидди бемории сил” ва пешгирии хавфҳои ба аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таҳдидкунанда вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар он сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., намояндагии Дастаи пешбурди саломатӣ, менеҷери шуъбаи рӯҳи равонӣ хонум Санна Раъно, кормандони бунгоҳҳои тиббӣ ва нафаронони фаъоли маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро бо ҳозирин намояндаи Дастаи пешбурди саломатӣ, менеҷери шуъбаи рӯҳи равонӣ Санна Раъно оѓоз бахшида, қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дастгирии талошҳо барои рафъи бемории сил Дастаи пешбурди саломатӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб чораҳои лозимиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Айни замон, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҳти шиори “Ба сифр расонидани бемории сил” дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб дастаи сайёри табибон фаъолият доранд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон дар байни аҳолӣ ройгон ташхис гузаронида, барои муайян ва кӯммак расонидан ба нафароне, ки ба бемории сил гирифтор мебошанд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Қайд гардид, ки ташхис ва табобат дар доираи маблаѓҳои лоиҳа ройгон буда, ҳолатҳои фаъоли дарёфти шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда мукилӣ пеш омадааст, ки ҳамкориҳои шариконро талаб менамояд.

Дар ин раванд вобаста ба хавфу хатари бемории сил ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати он дар байни аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо маълумотҳои мукаммал дода шуда, таклифу пешниҳодҳо барои аз байн бурдани ин беморӣ ба нақша гирифта шуд.

Сипас, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., дар баромади худ самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъба ва Хадамоти муҳоҷиратро, ки бо ташкилотҳои расмии ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо ҳамкориҳои судманд доранд, муаррифӣ намуда, вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта, доир ба амалҳои ба ҷомеъаи имрӯза таҳдидкунанда аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, коррупсия ва дигар бемориҳои сирояткунанда ибрози ақида намуд. Инчунин, ҳозиринро даъват ба амал овард, ки бояд ҳар фарди солимфикру ватандуст барои ба пуррагӣ нест кардани ин амалҳои нангин, ки башариятро ба ташвиш овардааст, дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, ба мувафақиятҳои назаррас ноил шавем.

Ҳамзамон, нуқтаҳои муҳим дар самти муҳоҷирати меҳнатии бехатар ба саҳми иштирокдорон расонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода  шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорон изҳори минатдорӣ баён гардида, ба ҳар як нафар иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои пешгирии аз бемории сироятии сил тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Ифротгароии динӣ хатари фаромиллӣ ва глобалист

Next Post
Ифротгароии динӣ хатари фаромиллӣ ва глобалист

Ифротгароии динӣ хатари фаромиллӣ ва глобалист

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.