Санаи 18 март бо ибтикори Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар мавзӯи “Баланд бардоштани савияи дониш ва нерӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва рушд” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баррасии ҷанбаҳои асосии масъалаҳои муҳоҷират ва рушд барои шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва он нафароне, ки аз муҳоҷират ба ватан бозгаштанд, муайян намудани мушкилот ва монеаҳои асосӣ дар рафти фаъолияти меҳнатӣ ва пешниҳоди воситаҳои амалӣ барои дастгирии муҳоҷирон мебошад.
Сипас, эксперт – баранда Ксения Пилипенко ба кор шурӯъ намуда, ба иштирокчиён мавзӯъ ва ҳадафи семинарро муаррифӣ кард.
Дар семинари мазкур муаррифии мавзӯи муҳоҷират ва рушд баррасӣ шуда, фаъолиятҳои интерактивӣ чи гуна ба роҳ монда мешавад, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд. Семинари мазкур бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират