Санаи 28 январ бо ташаббуси кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) дар Хадамоти муҳоҷират барои 35 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар мавзӯи «Баланд бардоштани савияи дониш ва неруи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва тандурустӣ баргузор гардид”.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баррасии ҷанбаҳои асосии ҳифзи саломатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, муайян кардани мушкилот ва монеаҳои асосӣ дар дастрасӣ тиббӣ ва пешниҳоди воситаҳои амалӣ барои дастгирии муҳоҷирон мебошад.
Сипас, модераторҳо ба кор шурӯъ намуда, ба иштирокчиён мавзӯъҳо ва ҳадафҳои семинарро муаррифӣ карданд.
Дар семинари мазкур мавзӯъҳои зерин баррасӣ шуданд: Чаро соҳаи тандурустӣ барои муҳоҷирон зарур аст?. Таъсири саломатӣ ба муҳоҷирати муваффақ ва реинтегратсия. Роли муассисахои Точикистон дар расондани ёрии тиббӣ.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират