• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баланд гардидани мақому манзалати зан дар ҷомеа

Migration Service by Migration Service
04.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баланд гардидани мақому манзалати зан дар ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сафҳаи таърих бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқаш ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Новобаста аз мушкилотҳои зиёди иқтисодӣ ва равандҳои мураккаби геополитикӣ, низои байни давлатҳо кишвари азизамон Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини сокинони меҳнатқарини он дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазо гузошта, бо ифодаи сарвари давлат “…нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамалакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.

Дар баробари дигар масъалаҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ки ҳамеша дар мевари диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дорад, дар Паёми имсола низ чунин ишора карда шуд: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии занон бо мардон аз Коститутсия маншаъ гирифта, сол ба сол дар асоси санадҳои гуногун мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа баланд бардошта шуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз барои баланд бардоштани мақому манзалати зан ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба қобилият ва талоши занону модарон дар барқарор намудани истиқлолият ва ваҳдат эътимоду боварии хосса дошта, дар ҳар маврид ба иродаи онҳо ишора мекунанд. Чунончи дар суханронии худ дар таъсиси “Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” бо муроҷиат ба бонувон қайд карданд: “Модарону хоҳарони мушфиқ, занони бо сабру таҳаммул, бонувони меҳрубону дарёдили мо, ки ранҷи азиятҳои бешуморро пушти сар намуданд, бояд ин ҳаракатро сидқан пуштибонӣ карда, дар пойдории адолати иҷтимоӣ саҳми арзанда гузоранд”.       

Бояд қайд намуд, ки занону бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст дар даврони Истиқлоли ватан тавонистанд, ки бо соҳибмаърифати, фидокориву ақлу заковаташон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми беназир гузоранд. Махсусан саҳми онҳо дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаи маорифу тандурустиро занону духтарони соҳибмаълумоту бо фарҳанг ташкил медиҳанд. Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар байни собиқ кишварҳои иттиҳоди шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ Конвенсия “Дар бораи барҳам додани ҳамаи лоиҳаи зӯровариро нисбати занон” ба тавсиб расонд. Пешвои миллат ҳамеша занҳоро неруи созандаи ҷомеа дониста, дар тамоми баромадҳояшон эътимоду бовариро нисбат ба онҳо баён мекунад.

 Воқеан дуруст аст, давлате, ки занонаш бо маърифату таҳсил дидаанд, дар ҷомеа ҳама вақт пешрафту муваффақ мебошанд. Мо занону модарон аз он хушбахт ҳастем, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди кишвар, сарҷамъии мардум, хушбахтии ҷавонон ва хандаи фарзандонамон расидаем. Дар ҳақиқат, занон на танҳо офаридгори ҳаёти идомабахши наслҳои оянда, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгарӣ насли наврас, табиби тамоми дардҳои инсонӣ буда, кӯшиш менамояд, ки ҳаётро шукуҳу аззамати хосса бубахшад.

Шоиброҳимзода Ҳабиба,

Сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи вохӯриҳои судманд бо сокинони деҳаи Қушқияи ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.