Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯз маҳсуб ёфтааст. Ва тавре ба назар мерасад, таҳти таъсири омилҳои мухталиф имкон дорад, ки густариш ёбад дар байни ҷавонону наврасон. Ва низ мушоҳида мешавад, ки беш аз пеш ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ва кӯтоҳназар майл доранд ба ҷониби гурӯҳҳои тундгаро. Бо мақсади шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ҳамзамон ҷиҳати дастаҷамъона мубориза бурдан зидди аъмоли зишту вабои аср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул шуда, ки муқарароти он дар кишвар мавриди амал қарор дорад.
Дар ростои амалӣ кардани нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” пайваста тадбирандешӣ карда мешавад. Муқарароти Стратегияи мазкур дар ҳамаи корхонаву идораҳо ҷиҳати иҷро ба роҳбарӣ гирифта шуда, баҳри амалӣ кардани талаботи он бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби олимону муҳаққиқон, ходимони дини кишвар ва мақомоти давлатии масъул ҷиҳати пешгирии экстремизму терроризм, доимо мавриди назар қарор дода шудааст.
Дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба масъалаҳои тундгароӣ ва экстремизм маводи иттилоотӣ ва тарғиботиву омӯзишӣ ба нашр мерасанд.
Гузашта аз ин дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳи ва ватандустӣ дар ҷомеа бояд пайваста чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ доир карда шаванд. Гузашта аз ин, бояд мунтазам дар байни ҷавонону наврасон вохӯриҳо ташкил карда ба ин васила бо пешниҳоди орову андешаи маърифатӣ диққати асоси ба он равона карда шавад, ки ҷавонону наврасон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар андешаи худ ба ҷуз меҳри Ватан ва садоқат ба Ватан дигар чизеро ҷой надиҳанд ва ватандӯст, худшиносу худогоҳ бошанду арҷ гузоранд ба муқаддасоти кишвар ва эҳтиром оваранд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва бо амри дилу виҷдон, бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва бунёдгаронаи давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон амалӣ мегарданд, саҳми арзандаи хешро бояд гузошт. Ва ба таъкид бояд афзуд, ки дар ин ҷода нақши волидон ва тарбияву таълими хонаводагӣ дар мақоми аввал меистад.
Аз ин рӯ, имрӯз замоне фаро расида, ки бояд ҷавонону наврасон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон якҷону яктан муттаҳид шуда. Баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа талош варзида дар коҳиш додани шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастаҷамъона саъю талош кунанд.
Ҳамзамон, бояд ҳамагон мусоидат намоянд, ки ҷавонону наврасон вақтҳои холигии худро беҳуда ба масраф надода, аз пайи омӯзиш бошанд ва дар замири худ андешаеро парваранд, ки бояд ба Модар-Ватан содиқона хизмат кунанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд, далер бо матонат, шуҷоъ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.
Ғайбуллоев Баҳрулло,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ