Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба ҳисоб рафта, 70 дар сади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати бузурги ҷавонон соҳибони касбу кори гуногун аз ҷумла, ҳуқуқшиносон иқтисоддонҳои хуб, ҷомеашиносон, равоншиносон, соҳибкорон, ҳунармандон, омўзгорону духтурон, варзишгарону санъаткорон ва амсоли инҳо дар радифи падарону модарони сарбаланди хеш бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва қувваю тавоноӣ донишу малака ва нерўи зеҳнии хешро барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангии мамлакат сарф менамоянд.
Махсусан, дар замони муосир барои ҷавонон имконияти фарохе рўи кор омад, ки ҷавонони соҳибҳунару соҳибистеъдоди тоҷик худро дар назди ҷомеа муаррифӣ намоянд.
Вале дар баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан муаммоҳое пеши роҳ сар мезанад, ки он проблемаи инсонияти кураи замин аст ва баъзе ҷавонони кишвар ҷиҳати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки Ҳукумату давлат ва қишри масъулиятшинос ва дилсўзи ҷомеа зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст…
Аммо новобаста ба тадбирҳои амалишуда аз ҷавонон имрӯз даъват ба амал оварда мешавад, ки бо азхудкунии дониш бар зидди падидаҳои манфии ҷомеа чун терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ муқовимат нишон диҳанд. Зеро дониш намегузорад дар шуури насли ҷавон андешаҳои носолим реша паҳн намояд.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе