• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд

Migration Service by Migration Service
07.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Воқеан ҳам Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати муҳим ва роҳанамое мебошад, ки ба рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ мусоидат менамояд. Чунин иброз намуд сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират Маҳмадуллозода Фирӯза дар ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ояндаи дурахшони Тоҷикистон», ки 7 январ дар Хадамоти муҳоҷират баргузор шуд.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти ҳассос будани авзои ҷаҳони муосир масъалаҳои иқтисодии ҷомеаро дар меҳвари худ қарор дод. Масъалаҳои дурнамои бахшҳои хусусӣ, воридоту содирот, таъмину таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлатӣ, масъалаҳои зиёди молиявӣ, ҳолат ва авзои сармоягузорӣ, рушду тавсеаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳою барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энергетикии ҷумҳурӣ ва амсоли ин дар ҳамбастагию робита бо ҳамдигар мавриди баён қарор доштанд, ки бозгӯкунандаи сиёсати созандагию бунёдкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Пешвои муаззами миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат баҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин қайд карданд: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.

Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои миллат ишора намуданд, ки “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣтадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки Президенти мамлакат, ки оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ  музди меҳнати соҳаҳои буҷетӣ, махсусан соҳаи маорифро баланд бардошта, аз ҷумла аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуда, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва дигар вазорату идораҳои дахлдори супориш доданд, ки вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад. Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.Чунин иқдом ба ғанӣ гардидани буҷети кишвар мусоидат намуда, ба таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ замина мегузорад, ки аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии молиявию андозӣ ва буҷетӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати ягонаи давлатии молиявию андозӣ ҳаҷми буҷети давлат ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2024 қисми даромади он ба 42,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 5,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Танҳо дар як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин кардани касбомӯзон нақши муҳим хоҳад дошт.

Ҳоло сохтмони боз ду марказ идома дошта, соли оянда ба истифода дода мешавад.

Марказҳои зикршуда метавонанд дар як сол беш аз 8000 нафар сокинони мамлакатро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гиранд.

Ин раванд, бо дарназардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, бояд тақвият дода шавад.

Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супориш дода шуд, киякҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои сераҳолии кишвар таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро таъмин намояд.

Дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Бо дарназардошти равандҳои муосир, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.

Аз ин ру, Паём дастурест, ки ҳар яки моро ба ояндаи дурахшон бо азму ирода ва ташаббусҳои созанда таҳрик мебахшад. Месазад, ки мо пайи амалигардии иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат бандем ва нуктаҳои асосии Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ифротгароӣ ба миллат танҳо бадбахтӣ меорад

Next Post

Нақши занону модарон дар Паёми Пешвои миллат

Next Post
Нақши занону модарон дар Паёми Пешвои миллат

Нақши занону модарон дар Паёми Пешвои миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.