• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бардошт аз Паём. Паёми Пешвои миллат – роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар

Migration Service by Migration Service
14.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бардошт аз Паём. Паёми Пешвои миллат – роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти он ва пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад”.

Яке аз мавзуи марказии Паём вобаста ба мушкилоти барқ буд, ки сабаби онро Ҷаноби Олӣ дар зиёд шудани аҳолӣ ва дар ин росто афзун гаштани талабот ба неруи барқ, таҷдиди неругоҳҳо ва афзоиши корхонаҳои саноатӣ шуморид ва тавсия дод, ки аҳолӣ дар ин самт бояд ба сариштакорӣ ва дуруст истифодабарии неруи барқ диққат диҳад. Дар анҷоми ин мавзуъ Сарвари давлат хабари дар моҳи сентябри соли 2027 пурра аз мушкилоти неруи барқ баромадани Тоҷикистонро ба мардум расониданд. Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи марҳала ба марҳала баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқи онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Сарвари давлат қарор гирифтааст.

Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.

Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: “Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад”.

Ба ин муносибат, аз 17 декабри соли 2025 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба тасвиб расида, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои татбиқи ин фармонро барои тасдиқ пешниҳод намояд. Албатта, ин муждаи накӯ мардуми шарифи тоҷикро водор месозад, ки ҳарчи бештару беҳтар дар ин самт фаъолият намуда, тамоми қувваю матонат ва донишу иродаи хешро баҳри амалисозии ин иқдоми наҷиб сафарбар намоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин таъкид доштанд: “Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст”. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд”.

Воқеан, ин таъкидҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ заруру саривақтӣ буда, ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки ҳарчи беҳтару бештар дар ин самт фаъолият намуда, баҳри ҷалби аҳолии кишвар ба шуғли муносиб, бо кафолатҳои меҳнатӣ таъмин намудани ҳар як корманд, ба ҳисоб гирифтани қувваи корӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мешаванд, тамоми заҳмату кӯшиши хешро равона намоянд.

Албатта, дар баробари бо шуғли муносиб фаро гирифтани сокинони қобили меҳнат дар дохили кишвар, инчунин муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мавқеи муҳимро дар бозори меҳнат касб менамояд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки баҳри ҳарчи бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ тадбирҳои муҳиму таъхирнопазир андешида, масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷират ва муҳоҷирати бехатарро дар меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор диҳем.

Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026: – маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад; – музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; – ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.

Соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне, Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори Ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда, то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, роҳнамои боэътимоди имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои дар Паём муайянгардида аз муттаҳидӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад. Паёми Пешвои миллат моро ба созандагӣ, худшиносӣ ва иштироки фаъол дар пешрафти Ватан ҳидоят менамояд.

Маҳмадуллозода Фируза,

Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.