БАРГАРДОНИДАНИ 3 МИЛЛИОН РУБЛИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки санаи 6 – 9 августи соли 2021 дар ду навбат зиёда аз 3 миллион рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо корбарии Намояндагӣ аз ҷониби корфармоён пардохт к

Тибқи маълумот, як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ (дар ҳайати 24 нафар) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият намуда, аз ҷониби корфамо маблағи музди меҳнати онҳо, ки 6200230 рубли русиро (930048 сомонӣ) ташкил медиҳад, пардохт карда нашудааст.

Дар натиҷаи корбарии намояндагӣ маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонӣ бе қарордоди меҳнатӣ фаъолият намуда, музди меҳнати муҳоҷирон аз рӯи ба анҷом расонидани кор дар иншоот ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, вобаста ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда, тавсия дода шуд, ки минбаъд зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба аризаи воридгардида дар муддати кӯтоҳ 450000 сомонӣ маблағи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо баргардонида шуда, маблағи боқимонда, ки 480048 сомониро ташкил медиҳад, тибқи тааҳҳуди корфармо дар муддати кӯтоҳтарин пардохт карда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо