• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
01.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳр, ки қисми зиёди онро муҳоҷирони ба ватан бозгашта ташкил медиҳад, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин тамдид гардидани қонунигардонии будубош то 10 сентябри соли 2025 дар Федератсияи Россия, ироа гардид.

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.

Вобаста ба ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.

Зимни мулоқот бо сокинони маҳалла, ки қисми зиёди онро муҳоҷирони ба ватан бозгашта ташкил медиҳад, оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар  Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳангоми ба Федератсияи Россия сафар намудан, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд. Тартиб ва мақсади воридшавӣ дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани Патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.

Инчунин, ба иттилои ҳозирин расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилотҳо метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, ба иштирокдорон доир ба мавзуи муқовимат ба терроризм ва экстремизм ибрози худро баён намуда, қайд намуданд, ки экстремизм – аз калимаи франсузӣ «extermisme» ва лотинӣ «extermus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротдгароии тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона якравона аз ҳад гузаштан аз андоза гузаштан буда, экстремист шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.

Вобаста ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар аз чунин гурӯҳҳо эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.Дар фарҷоми вохӯри кормандони шуъба ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш дода, маводҳои таблиғоти ва брошюраҳои  роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Амнияти иттилоотӣ ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир

Next Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Next Post
Суҳбату вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Суҳбату вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.