Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод дар соли 2026 шурӯъ гардид.
Гурӯҳи кории Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдор суҳбату вохӯриҳои навбатиро бо сокинони касбу кори гуногун дар МТМУ №3, 43, 29, 4 ноҳия баргузор намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ баромадкунандагон доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки арзиши патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва дар соли 2026 меафзояд. Аз 1 январи соли 2026 арзиши моҳонаи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, зиёд гардида, 10 000 рубл-ро ташкил медиҳад (ба ҷои 8 900 рубл дар соли 2025).
Аз ҷумла, қонуни шаҳри Москва аз 01.11.2025 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Москва дар соҳаи андозбандӣ», ки мувофиқи он коэффисиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар шаҳри Москва барои соли 2026 инъикос мекунад, ба андозаи 2,9323 муқаррар шудааст (дар соли 2025 — 2,8592).
Муҳим барои онҳое, ки ният доранд дар соли 2026 дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатиро шуруъ кунанд ё идома диҳанд: агар шумо барои як ё якчанд моҳи соли 2026 патентро бо нархи кӯҳна (8 900 рубл) пешакӣ пардохт карда бошед, ҳеҷ гуна пардохти иловагӣ талаб намешавад. Қабзҳои пардохтшуда амалкунанда мемонанд. Шумо метавонед маблағи зиёдеро сарфа кунед, агар патентро барои соли 2026 то 31 декабри соли 2025 пешакӣ пардохт карда бошед. Дар ин сурат арзиши ҳар моҳи соли 2026 8 900 рубл, на 10 000 рубл мешавад. Сарфа барои як моҳ — 1 100 рубл. Агар патентро барои тамоми соли 2026 (12 моҳ) пешпардохт карда бошед, сарфа 13 200 рубл-ро ташкил медиҳад.
Оид ба масъалаҳои вобаста ба тартиб ва пардохти патент, Шумо ҳамеша метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

