27 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Конференсия бо суханони ифтитоҳии ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Карамалишоев Карамалишо оғоз гардида, мавсуф ҳадафи баргузории конференсияро шарҳ дод.
Баъдан муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва муовини аввали Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмадсалим Пир вобаста ба мавзуи конференсия бо маърузаҳои ҷолиб, бо пешниҳоди далелу арқом андешаронӣ карданд.
Сипас дигар баромадакунандагон низ бо маърузаҳои муҳимми худ дар бораи равандҳои сиёсати иҷтимоӣ, нақши таҳсилоти калонсолон, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, рушди иқтисоди рақамӣ ва дигар паҳлуҳои муҳим сухан ронданд.
Дар қисмати дуюми конференсия кори бахшҳои сексионӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои мубрами рушди устувори иҷтимоӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши занон, ҷавонон ва маориф дар раванди сиёсати иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия ҳамчун як платформаи муҳимми табодули дониш ва таҷриба ба баҳсҳои созанда ва ташаккули пешниҳодҳои амалӣ барои такмили сиёсати иҷтимоии кишвар мусоидат намуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират