Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе пайваста роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон қайд намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳар як Паёми хеш таъкид менамоянд, ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Ҳамзамон дар мулоқот бо шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки ҳар нафаре, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мебарояд, ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо ҳамкорӣ намоянд.
Инчунин, муҳлати будубош шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия то 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ кам карда мешавад. Ҳамчунин ҳатман супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирии ҳамаи шахсони ба кишвар воридгардида ҷорӣ мешавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳо оид ба муҳоҷирати бехатар; Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, аз ҷумла ҶСК “НБО Роғун” тавсияҳои муфид дода шуд.
Бояд тазаккур дод ки бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифати дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб ва истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Хуҷанд идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират