Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба талаботи қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ ва машваратӣ баргузор намуданд.
Чорабинии навбатӣ дар Марказӣ сершуғли муҳоҷирати намояндагии шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар ҷараёни он ба шаҳрвандоне, ки ният доранд барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Масъулин ба иштирокчиён дар бораи талаботи нав ва тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратии кишвари Россия, тартиби гирифтани иҷозат барои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, хатари муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, растании “Ҳазориспанд” ё “Гармала”, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷ маълумот пешниҳод гардида, ба саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳадаф аз ин иқдом – мусоидат ба муҳоҷирати бехатар, қонунии меҳнатӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии ҳуқуқвайронкунӣ дар кишварҳои қабулкунанда мебошад. Хадамоти муҳоҷират минбаъд, чунин вохӯриҳоро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда, ба шаҳрвандон маслиҳату кумакҳои амалӣ мерасонанд.
Аз шаҳрвандон даъват менамоем, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳатман ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодаги пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ муроҷиат намуда, маълумоти лозимаро дастрас намоянд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират