Бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” фаъолона иштирок намуданд.
Ин иқдом бо мақсади ободонӣ, зебоӣ ва муҳайё сохтани шароити муносиб барои фаъолияти минбаъдаи кормандон амалӣ карда шуда, ҳамзамон ба густариши ҳисси масъулият, садоқат ба Ватан ва тарғиби фарҳанги тозагию озодагӣ мусоидат хоҳад намуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират