Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор дар Литсейи давлатии №1 и ноҳияи Фархор бо иштироки муовини Раиси ноҳия Раҳматуллозода Дилбар, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Сайёд Қаюмов, бахши Хадамоти муҳоҷират Баротов Илҳом, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кудак Раҳматуллоев Раҳматшо, раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳия Вализода Муҳаммад, мудири шуъбаи маориф Садирзода Амриддин ва дигарон суҳбати самимӣ байни хонандагону омӯзгорон ва волидон оиди шарҳу тавзеҳи Паём баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин фаҳмондадиҳии масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон ва маориф мебошад.
Зимни хониш масъулин вобаста ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши илм ва тарбияи насли солим андешаронӣ намуда, иштирокчиёнро ба фаъолият ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватан ҳидоят карданд.
Дар фарҷом байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ баргузор гардид…
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

