• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Migration Service by Migration Service
09.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ҷоннок намуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар суҳбату мулоқот бо шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, омодагии пешакии муҳоҷирон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои амалкунанда дар кишвари Федератсияи Россия, инчунин пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Федератсияи Россияро доранд, расонида шуд, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиёти гирифтани изи ангушт) мегузаранд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.

Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.

Инчунин, профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).

Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) – ро пешниҳод намоянд.

Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.

Ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгариҳои он дар кишвари Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамкорӣ намоед.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳоллатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим карда шуда, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз давлати Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд, барои дарёфти кори мувофиқ дар дохили кишвар бо музди меҳнати арзанда ва шароиту имконияти хуб дар ширкатҳои сохтмони,  саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ, аз қабили ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират    

Previous Post

ТАЪЗИЯ

Next Post

Бадбахтӣ аз беандешист…

Next Post
Бадбахтӣ аз беандешист…

Бадбахтӣ аз беандешист...

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.