Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 вохӯрӣ анҷом доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳтироми фарҳанги миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон, намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷайҳун ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он озмоиш оид ба татбиқи механизмҳои нави бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Россия бе раводид ворид мешаванд, роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи ин озмоиш, шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд мустақилона ба Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи ҷойи воқеии иқомати худ тавассути барномаи мобилии “Амина” иттилоъ диҳанд.
Таъкин карда шуд, ки иштирок дар озмоиш танҳо барои он шаҳрвандон пешбинӣ шудааст, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он иқомат ва фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст.
Дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия тартиби амалкунандаи бақайдгирии муҳоҷирони хориҷӣ боқӣ мондааст ва тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки осонтарин роҳ барои ба қайд гирифтани шаҳрванд — ин онлайн-бақайдгирӣ тавассути портали “Госуслуги” мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон саволҳои хешро матраҳ намуданд ва намояндагони гурӯҳи корӣ ба онҳо посухҳои муфассал доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

