Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик вохӯрии гурӯҳи корӣ, ки дар он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои ноҳия бо сокинони ҷамоати деҳои Гурдоварон деҳаи Заркамар баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид инчунин фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки санаи 20 июни соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд ва оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии истифодаи нодурусти қувваи барқ, пешгирии фарҳанги бегона, муҳоҷирати бехатар, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик Баҳодур Сафаров баромад намуда, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонид, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия. Дар фарҷоми чорабинӣ қайд карда шуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон