Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак вохӯрии гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо сокинони ҷамоату шаҳраки деҳот баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид, инчунин, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки санаи 20 июли соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд ва оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии фарҳанги бегона, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат аз ҷониби гурӯҳи корӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират ба сокинони ноҳия, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома хоҳанд ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон