Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак вохӯрии гурӯҳи корӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои он бо сокинони ноҳияи Шамсидини Шоҳин вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Бояд афзуд, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, олимон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар ироа доштанд, инчунин бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки санаи 20 июли соли равон бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд, инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводҳои ғизоӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии либоспӯшии бегона, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раёсат дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома хоҳанд ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон