• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
26.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Россия сафари меҳнатӣ мекунанд, ҷоннок намуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар мулоқот бо шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, омодагии пешакии муҳоҷирон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои амалкунанда дар кишвари Федератсияи Россия, инчунин пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Ашуров С., вобаста ба мушкилотҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр худро аз ин омилҳо бояд эмин нигоҳ дошт, иброз намуда, ҳозиринро ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират шинос намуд.

Қайд гардид, ки ҳар нафари азми сафар ба кишвари Федератсияи Россия дошта, бояд пеш аз сафар шиносномаи худро дар маҳзани манъшудагон санҷида баъдан ба сафар барояд, ҳангоми сафар тарзи дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошад ва забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз суханронӣ намуда қайд кард, ки экстремизм терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор гардидани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин гардида, ба осоиштагии ҷомеаи имрӯза таҳдид менамояд.

Вобаста ба ин аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар муҳоҷират аз таъсири чунин гурӯҳу созмонҳо худро дар канор гирифта, ба ваъдаҳои додани пули калон ба ивази коре фирефта нагарданд.

Шаҳрвандони мо бояд донанд, ки онҳоро ба куҷо мебаранд ва дар куҷо кор мекунанд то ин, ки қурбони савдои одамон нагарданд, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён ҳар нафар шаҳрвандро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил менамоянд.

Ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои он дар кишвари Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамкорӣ намоед.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳоллатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим карда шуда, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз давлати Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд, барои дарёфти кори мувофиқ дар дохили кишвар бо музди меҳнати арзанда ва шароиту имконияти хуб дар ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ, аз қабили ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб

Previous Post

Чорабиниҳои судманд доир ба мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Next Post
Чорабинии навбатӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Чорабинии навбатӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.