Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар суҳбату мулоқот бо шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, омодагии пешакии муҳоҷирон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои амалкунанда дар кишвари Федератсияи Россия, инчунин пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Федератсияи Россияро доранд, расонида шуд, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиёти гирифтани изи ангушт) мегузаранд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.
Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин, профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).
Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) – ро пешниҳод намоянд.
Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.
Ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгариҳои он дар кишвари Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамкорӣ намоед.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳоллатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим карда шуда, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз давлати Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд, барои дарёфти кори мувофиқ дар дохили кишвар бо музди меҳнати арзанда ва шароиту имконияти хуб дар ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ, аз қабили ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират