Бо ибтикори шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур 12 – корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр иштирок намуда, 210 – ҷойҳои кории холӣ пешниҳоди корҷӯён намуданд. Дар ин раванд 13 – нафар муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта барои ба кор баромадан роҳхат гирифтанд.
Ба иттилоъ расонида мешавад, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ чунин ярмаркаҳо бо иштироки корфармоён 7 – маротиба баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон