Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бинои театри мусиқи драммавии ба номи М.Воҳидови шаҳраки Шайдон ярмаркаи хурди ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озоди дар ҳудуди ноҳия буда ва ҶСК “НБО Роғун” баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 81 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва бо пешниҳоди 334 ҷойҳои кории холӣ дар 23 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 400 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК “НБО Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба 9 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда 8 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Сулҳия Назарова байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар чорабинӣ 2 нафар шаҳрвандон муҳоҷирони ба Ватан баргашта ки майли дар ҳудуди кишвар кор кардан доранд вале ба худ касбу ҳунар надоранд ба курсҳои кутоҳмуддат номнавис карда шуда ба филиали МД “Маркази таълими калонсолон” дар ноҳияи Ашт фиристода шуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират муҳоҷират дар ноҳияи Ашт