Бо ибтикори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, санаи 15 августи соли равон дар кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби кори мувофиқ ва ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони мавриди талаботашон, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур намояндагони муассисаю ташкилотҳои пойтахт иштирок карда, ба шаҳрвандони корҷӯ ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод гардид.
Дар баробари ин, ба иштирокчиёни чорабинӣ имкониятҳои васеи касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат, аз ҷумла дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Роғун, ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, ки ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба хатмкунандагон сертификати сатҳи байналмилалӣ медиҳанд, муаррифӣ шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи меҳнат ва расидан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таъмини меҳнати арзанда ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 чунин қайд гардидааст: Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст”.
Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ин яке аз чорабиниҳои нақшавӣ дар ин самт буда, ин маротиб бо фарогирии васеъ ва пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва дархосту талаботи корфармоёни хориҷӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бо кор таъмин намудан, ба касбомӯзӣ ҷалб кардан ва машварати касбӣ расонидан, мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират