Баррасии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор

Бо мақсад роҳандозӣ намудани барномаи электронии бақайдгиририи ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб 29 октябри соли 2021, ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21 майи соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарроҳӣ шуда, ҳадафи асосии он муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони кишвар мебошад.

Дар вохӯрӣ, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони сохторҳои таркибии ин ду ниҳоди давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ барномаи электронӣ бо рӯнамо ба ҳозирин пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи эектронӣ баррасӣ карда шуд. Инчунин, муҳлати иҷрои он мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили системаи бақайдгирии барномаи мазкур ба масъулин супоришҳо манзур карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз – 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини вазорат ва кумита марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бекасб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо