Имрӯзҳо амалҳои террористиву экстремистӣ мавриди интиқоди шадиди ҷаҳон қарор дорад. Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мегардад. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.
Бо дарки муҳим будани мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ, ки фазои орому осудаи мамлакатҳоро ноорому рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоиашонро боз медорад, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳоро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, шартномаҳо ва санадҳоеро, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмилалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад.
Бо вуҷуди ин ҳоло дар ҷомеа афроде ёфт мешаванд, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар нарасида, дар зери таблиғи бегона монда, нафарони гумроҳро ба доми худ мекашанд. Онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳо дониста, ба онҳо ваъдаҳои болохонадор медиҳанд. Аксари ин ҷангиён ҷавононе мебошанд, ки бинобар надонистани оқибати ин амал бо ваъдаҳои маблағи калон он ҷо рафтаанд, аммо аз ин иқдоми пешгирифтаашон пушаймонанд.
Яке аз қувваҳое, ки мехост ба кишвари мо гӯё тарҳи дигар андозад, ин ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки мақсадҳои ғаразноки онҳоро мардуми ваҳдатшиори мо дарк кардаанд ва даъватҳои ошӯбгарии онҳоро ба боди фано додаанд. Ин қувваҳое, ки пешравии кишвари мо, фазои ободу озоди моро чашми дидан надоранд, дар хориҷа маскан гирифта, аз пулҳои ҳангуфти хоҷагонашон истифода мебаранд. Ҷавонони мо бояд донанд, ки ин гуна созмонҳо танҳо як ҳадаф доранд, яъне кишварамонро боз ба майдони ҷанг табдил дода, бо ин мақсад тарафҳои худро зиёд намоянд.
Ба ин нафарон ҳамчун корманди Хадамоти муҳоҷират гуфтанием, ки мардуми мо як бор шаҳди ҷанги бемаъниро чашид ва дубора он рӯзҳоро дидан намехоҳанд. Беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Барои беҳбудии вазъи оромии кишвар сол то сол иқдомҳои ҷадиду қатъӣ гузошта мешаванд.
Ҳар яки мо, сокинони кишвар бояд нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.
Ҷамолидинзода Ҳусниддин,
Мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират