Барои пешгирӣ ва раҳоӣ аз ҳамагуна падидаҳои манфии ҷомеа ҳар як узви ҷомеа бояд масъулият бар дӯш дошта бошад, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷомеа ва диёри худро аз ҳамагуна хатарҳо, бадгӯиҳо ва сангпартоиҳои хоинони миллат эмин нигаҳ дорад. Ҳар лаҳза ҳушёру зирак бошанд. Зеро гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастовардҳои миллии моро нодида гирифта, гӯё аз камбуду нуқси ҷомеа ба ҳамешагӣ ҳарф мезананд. Вале худ дар хориҷу гӯё аз дарди миллати мо ҳарф мезананд… Ин ҳам дур нест, ки рӯзе аз хатоҳои худ ангушти пушаймонӣ мегазанд…
Вале тадқиқотҳои гузаронидашуда дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки мафкураи сиёсиву ҳуқуқӣ, ва ҷаҳонбинии ҷавонон, ба самти солиму созанда равона кардани онҳо ва роҳ надодан ба фарҳангу ғояҳои бегона ҳарчанд боло рафта бошад ҳам, ҳанӯзам ба таълиму тарбия ва такмили ҷаҳонбинии комили онҳо ниёз дорад.
Зеро доираи фаҳмиши ҷавонон ва маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо доир ба зуҳуроти номатлуб ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир то ҳол ба пуррагӣ комил ва фарогир нест. Агар суоли “Терроризм чист?”-ро пешорӯи ҷавонон гузорем онро ҳамчун тарсу ваҳм маънидод менамоянд, вале, қисмати дигари ҷавононе ёфт мешаванд, ки мафҳуми терроризмро дуруст маънидод карда наметавонанд ё ба дарки ин мафҳум сарфаҳм намераванд.
Мафҳуми эстремизмро низ ҷавонон ҳамчун ифротгароӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз андоза гузаштан маҳсуб медонанд ва гурӯҳи боқимондаи дигар ғалат посух медиҳанд.
Дар шинохти мафҳуми эстремизми динӣ ҷавонон фаъолияте, ки бо истифода аз ниқоби дин маҷбуран дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат, барангехтани душманию бадбинӣ маънидод менамоянд ва ҷавоби дурустро медонанд. Аммо, боқимондаи онҳо нодуруст шарҳу тавзеҳ дода, дар аксар маврид аз посух додан худдорӣ менамоянд, ки ин гурӯҳи ҷавонон эҳтиёҷ ба донистани тафсири ин маҳфум мебошанд.
Хулоса, донистан моро аз хатар нигаҳ медорад вагарна ҷавононро роҳест ба гумроҳӣ, хиёнат ва ҷиноят! Пас ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем!
Одинаев Темур, Сармутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳорҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе