Ҳушдор вобаста ба супоридани огоҳинома Аз 7 январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ӯҳдадоранд оид ба фаъолияташ ба ВКД огоҳинома супоранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки патенти меҳнатиро ба расмият медароранд, аз 7 январ ӯҳдадории нав пайдо мекунанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ ба таври хаттӣ огоҳ кунанд.
Дар ин бора дар фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз 05.09.2023, №655 “Дар бораи муқаррар кардани шакли огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ е шахси бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтааст ва Тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст” гуфта шудааст.
Мутобиқи фармони мазкур, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтаанд, вазифадоранд дар давоми ду моҳ аз рӯзи додани патент ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия дар сатҳи минтақавӣ ва ноҳиявӣ, ки патент додаанд, огоҳинома пешниҳод намоянд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират