Баҳри ба сокинон расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Темурмалик Аслиддин А., раиси ҲХДТ Раҷабзода М., мудирони шуъбаи кор бо занон ва оила Ғуломова Х., бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Б., муовинони ШКДАМ ва ШВКД дар ноҳия бо фаъолону сокинон дар Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи деҳаи Офтобруя вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд.
Ҳамчунин фаъолони ҷамоат даъват шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» гузаронида, бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик