Бо кумаки муҳоҷирони меҳнатӣ соҳили Ванҷоб мустаҳкам карда шуд

Зикр кардан ба маврид аст,ки ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик,ки дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои олам фаъолият доранд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона ба ҷо оварда истодаанд.

Онҳо кишвари худ,Тоҷикистони биҳишти рӯи заминро боз ҳам ободу зебо, шукуфонтар ва рузгори сокинонашро тинҷу орому осутар дидан мехоҳанд.

Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони меҳнатӣ дар амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои беқиёс, ки бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар чорсӯи мамлакат вусъат гирифтаан саҳми муносиби худро мегузоранд.

Ёдовар мешавем,ки таи солҳои охир чанд тан аз муҳоҷирони ҷавони меҳнатии ноҳияи Ванҷ низ аз рӯи оини ватанпарастӣ амал мекунанд. Баҳри роҳандозии корҳои ободонӣ дар шаш ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ин минтақаи пурфайзу баракати Вилояти Куҳистони Бадахшон ба ҳамдиёрон кумаки худро дареғ намедоранд.

Онҳо дар кори тахту ҳамворсозии роҳҳо, таъмиру навсозии биноҳои мактабҳо, муасисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин намудани аҳолӣ, ба ғайр аз ин дастгирии маъюбону ятимон, дардмандон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеа, дар маҷмӯъ дар кори ба амал баровардани барномаҳои давлатӣ рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мувофиқи шароит ва имкониятҳояшон мадад мерасонанд.

Аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, зодагони водии Ванҷи боло саъю талош менамоянд, ки диёрашон то домони қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино ва инчунин пиряхҳои бузурги Федченко ва Хирсон, ки дар тамоми дунё машҳуранд ба макони хубтарини саёҳӣ табдил дода шавад.

Мисолҳо ва далелҳои зиёдеро овардан мумкин аст, муҳоҷирони меҳнатии деҳоти водии Ванҷи боло ба мисли дигар ҳамсолонашон аз ноҳияи Ванҷ ва саросари Боми ҷаҳони тоҷик ва кишвар дар амалҳои хайр ҳиссагӯзорӣ менамоянд.

Раиси ҷамоати деҳоти Рованд Дониш Неъмонов аз ҳиммати баланди ватанпарастонаи муҳоҷирони меҳнатии рустои Ғуҷоваст Ризвон Ҳусейнов, Зурридин Масанов, Низом Низомов ва дигарон изҳори миннатдорӣ намуд. Ин ҷавонони миҳанпараст дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератция Россия тавассути филиали №69, Бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» зиёда аз 90 ҳазор сомонӣ ба номи сокини деҳаи Ғуҷоваст Ҷовид Ҳусейнов фиристоданд. Бо ин маблағ бештар аз 150 метр соҳили Ванҷоб мустаҳкам карда шуд.

Чуноне раиси ташкилоти деҳаи Ғуҷоваст Ҷовид Ҳусейнов иброз кард, ин амали фархунда ва ватандӯстонаи муҳоҷирони меҳнатӣ имкон дод, ки қитъаи роҳи мошингарди Ғуҷоваст-Вишхарвак- Пои мазор, киштзорон ва боғистонҳои ин рустоҳои зебо ва хушманзараи барои сайру сайҳии ҷаҳонгардони хориҷӣ ва ватанӣ, садҳо нафар меҳмони созгори водии дурдаст ва баландкӯҳи Ванҷи боло мавҷҳои хурушони Ванҷоб дигар таҳдид насозад.

Гардишгарони хориҷӣ ва ватанӣ акнун мисраҳои шеърии шоир ва олими ҳамдиёрамон Комил Бекзодаро тараннум карда, ба дурдастарин мазеъҳои Ванҷзамин, ин диёри ба гуфти Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ – Ванҷи пурганҷ равон мешаванд:
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи болоро тамошо меравем.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо