• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бо падидаҳои номатлуб оштинопазир бошем

Migration Service by Migration Service
16.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабиниҳо оид ба пешгирии савдои одамон
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад.

Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат барпо кардани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.

Яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқие мебошад, ки бо шиорҳои бофтаву сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд.

Сухан дар бораи муқовимат бо ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён, ҷудоихоҳоне меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткориву моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба дини мубини ислом доғ меоранд.

Зикри як нуқта кофист, ки имрӯз мафҳумҳои «терроризми исломӣ», «фундаментализми исломӣ» дар забони сиёсатшиносони баъзе кишварҳои Ғарб зиёд истифода мешаванд. Ин равия боиси дар шуури аҳолии сайёра ба вуҷуд омадани нафрат ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Дар натиҷа чунон ки шоҳид ҳастем, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ба объекти фишору зӯроварӣ табдил ёфтани мусулмонон, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷой дорад. Ин сиёсат бисёр хатарнок аст. Зеро тафриқагузорӣ аз рӯйи дину мазҳаб ва дар ҳамин асос маҳдуд кардани мусулмонон метавонад ҷаҳонро ба мухолифати динӣ ва гузашта аз ин ба мухолифати тамаддунҳо расонад.

Мо ба дини мубини ислом чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум мезозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест.

Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

Имрӯз бояд мо ба таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд диҳем, волидайн, калонсолон дар дили фарзандон, ҷавонон руҳияи ватандӯстиро ҷой диҳанд, то ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногуни ифротӣ нашаванд, балки барои ҳифзи кишвари худ камар баста, ҳомии замини аҷдодии худ бошанд.

Мо ҳама-хурду калони ҷомеа, ҷавонон, соҳибистиқлолии давлатамонро дар дилу дида ҷо карда, баҳри гул-гул шукуфоии кишвари азиз, таъмини амнияти халқу давлат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик кӯшиш намоем.

Мо бояд ҳаргиз роҳ надиҳем, ки фарзандонамон, ҷавонони ҷомеа гирифтори фикру ақида ва мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Мақсаду мароми мо сулҳу осоиш, дӯстию ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, фаъолияту меҳнати созанда, зиндагии шоистаи мардум ва шукуфоии Ватани азизамон мебошад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Зуҳуроти номатлуби замон

Next Post

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштич

Next Post
Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштич

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштич

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.