Дар тарбияи маънавию ахлоқии инсон эътиқоди динии солеҳ таъсири калон дорад, масалан, инсоф ва адолат, парҳезгорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мурувват ба эҳтиёҷмандон, арҷгузории урфу анъанаҳои миллӣ, қарзи фарзандӣ дар назди волидон ва қарзи волидайн нисбати фарзандонро ҳамчун арзишҳои миллӣ мешиносем. Зеро, инҳо талабҳои ахлоқии динӣ мебошад.
Масири таърих аз он далолат менамояд, ки масъалаи дину диёнат ва давлатдорӣ дар ҳаёти инсон, қатъи назар аз миллату мазҳаб, нажот, ранги мўю пўст ҷойгоҳи муҳим ва нақши калидиро доштааст, то ба он андозае, ки ниёгони мо подшоҳиву пайғамбариро ба ҳам баробар ҳисобида “ду гавҳар дар як ангуштарӣ” номидаанд.
Ҳар як дину адёне, ки инсоният дар афкори худ парварид, дурдонаҳоеро дар мазмуну моҳияти худ маҳфуз доштаанд, яъне арзиши волотарин ва муҳимтарини афкори динӣ дар печидагии ҳарир ва мураккаб бо таълимотҳои фалсафиву ахлоқӣ ва зебоипарастӣ зуҳур гардидаанд, ки инсонҳоро дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ, аз оғози таърих то ба имрӯз танҳо ба шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростиву растагорӣ, раҳму шафқат, ишқу муҳаббат, меҳрубонӣ, бахшандагӣ, хайру эҳсон ва амсоли он ҳидоят намудааст.
Дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад, ки дар ҷомеаи муосир аз кофӣ набудани маърифати динӣ ба тарғибу ташвиқи ақоиди бегонаи мазҳабӣ даст мезананд. Чунин нафарони ифротӣ хосатан дар байни ҷавонон кор мебаранд ва онҳоро ба доми худ кашиданӣ мешаванд. Яке аз масъалаҳои мубрами рўз дар ниқоби ислом ҷавононро роҳгум занондани ташкилотҳои террористӣ мебошад, ки ин нигаронкунанда аст.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ мубориза мебарад, талош менамояд то амнияти кишвар халалдор нагардад. Ҳукумати кишвар якчанд қонунҳо ва санадҳо, оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба тасвиб расонидааст, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Манбаи аслии ободии ҷомеа ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд тарбияи инсони солим ва бофарангу эҷодкор аст. Имрӯз, мардуми кишвар озодона ва хайрихоҳона ба дини аҷдодони хеш пайравӣ намуда, расму оинҳои онро баҷо оварда истодаанд.
Авазов М, Корманди масъули шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе