Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор суҳбату вохӯриҳо бо сокинон доир гардида истодааст.
Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Куҳанбунёди ҷамоати деҳоти Ватан баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ бобати дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон, ҷиҳати ҷалби онҳо ба китобхонӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, партов ва замин, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, шуғли пурмаҳсул, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, истифодаи дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат суханронӣ намуд. Корманди Хадамот аҳамияти махсуси шуғли расмиро ҳамчун воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон таъкид намуд.
Ҳозирин дар бораи хатарҳое маълумот гирифтанд, ки ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷинояткор вобастаанд. Иштирокчиён ба ҳушёрӣ, дурӣ аз ҳар гуна сохторҳои вайронкор ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таҳсил ва ҷалби фарзандон ба раванди таълим даъват гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (БПНМ) СПИД зарур аст.
Илова бар ин, тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад. Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон