Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Тиллокон», вохӯрӣ бо усули «Кӯча ба кӯча» бо сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳраки 37 ва 12 шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар мулоқот бо сокинони шаҳр оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна корҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии муҳоҷирону сокинон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши қонунҳои амалкунанда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», эҳтироми фарҳанги ниёгон, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, тақлидкорӣ, сафари ҳаҷи умра, зиёрати ҳоҷиҳо ва дигар мавзӯҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр, намояндаи ШКДАМ шаҳрӣ, мудири кор бо маҳаллаҳо, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, намояндаи ШВКД-и шаҳр, муовини КИ ҲХДТ дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд дар маърузаи худ таъкид намуд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд.
Инчунин, масъалаи муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи гирифтани патент, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузориҳои Федератсияи Россия, гузаштани муоинаи тиббӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гуфта шуд.
Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд