Дар тамоми тӯли таърих терроризм хатаре ба ҳисоб меравад, ки дар инкишофи ҷамъияти инсонӣ мушкилиҳо, бадбахтиҳо ворид мекунад.
Ҳадафи асосии террористон байни ҷомеа иғво барангехта, бо ҳамин дар ташаккул ёфтани ҷамъияти демократӣ монеагӣ ба вуҷуд овардан аст.
Террористон барои ба даст овардани ҳадафҳои худ аз ҳар гуна роҳҳо истифода мебаранд.
Терроризм имрӯз воситаи асосӣ барои ба даст овардани манфиатҳои худ гаштааст. Имрӯз дар олам ташкилотҳои махсуси террористӣ амал мекунанд, ки муайян кардани он бисёр мушкил аст.
Дар миқёси байналхалқӣ ташкилотҳои бисёри террористӣ ва экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.
Аз нишондоди маълумоти умумии оморӣ, давлатҳое ҳастанд, ки ба террористон ёрдами пулӣ намуда, дастгирӣ менамоянд.
Ба назардошти таҳлили иттилоотӣ, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар солҳои охир таблиғи ақидаҳои террористӣ дар тамоми дунё зиёд гашта, ҷамъияти инсониро ба таҳлука меандозад.
Терроризм дар асри бисту як оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, ба ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ монеъ ва сабаби нооромии башарият гардидааст.
Террористон ва зархаридҳои онҳо бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ягон ҳамбастагӣ ба ин раванди манфур надорад, ба корҳои ғайриинсонӣ ва нопоки худ даст мезананд.
Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҷавонон чун як неруи пешбарандаи ҷамъият зиракиро аз даст надода, дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир будан аст.
Розиқзода Парвиз,
корманди масъули Хадамоти муҳоҷират