• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Боздид аз мавзеи зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳияи Зафаробод

Migration Service by Migration Service
07.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Боздид аз мавзеи зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳияи Зафаробод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади иҷрои Протоколи маҷлиси Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025, №4/43-45 ҷиҳати таъмини инфрасохтори зарурӣ ва ҳалли дигар мушкилотҳои ҷойдошта дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологии ба ноҳияи Зафаробод кӯчонидашаванда гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуда, аз мавзеъҳои ҷудогардида дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои дорои заминҳои бекорхобида ва барои қабул ва ба корҳои кишоварзӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат муносиб буда, тавассути кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар дохилӣ ноҳия ва вилоят метавон таъсиси ҷойҳои нави кориро бар роҳ монд.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Спитамен зиёда аз 1200 хоҷагӣ ва оила дар Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ деҳаҳои Заррез, Навбаҳор, минтақаи 59 ва Ҷамоати деҳоти Равшан деҳаи Бахт бо қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

Ҳангоми суҳбату вохӯрӣ Раиси ноҳия Муродзода Муқим иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида қобили дастгирӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки барои қабули муносиб ва ҷобаҷо намудани муҳоҷирон бояд вазорату идораҳои дахлдор тамоми чораҳоро амалӣ намоянд.

Айни замон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 1152 хонанда дар ду баст дар деҳаи Баҳористони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод идома дошта дар солҳои минбаъда мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ техника ва механизмҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тахту ҳамвор намудани роҳҳо сафарбар карда шуданд.

Инчунин, дар ҳамин мавзеъ аз ҷониби Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад чоҳи амудӣ сохта ба истифода дода шуда, як адади дигари он дар марҳилаи сохтмон қарор дорад.

Новобаста аз ҷой доштани баъзе норасоиҳо дар мавзеъҳои нави ҷудогардида, муҳоҷирон корҳои сохтмониро идома дода истодаанд.

Масъулини вазорату идораҳои дахлдор аз мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирон дидан намуда, вобаста бо барпо намудани инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои нав уҳдадор гардиданд, ки дар соли минбаъда маблағҳои мақсаднок пешбинӣ намуда, корҳои сохтмони иншооти заруриро ба роҳ монанд.

Кӯчонидани муҳоҷирон ба ин ноҳия идома дошта, пайваста зери назорати сохторҳои дахлдор қарор дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон

Next Post

Доираи муҳоҷирати меҳнатӣ васеъ мешавад, вале…

Next Post
Доираи муҳоҷирати меҳнатӣ васеъ мешавад, вале…

Доираи муҳоҷирати меҳнатӣ васеъ мешавад, вале...

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.