Санаи 2 апрели соли 2026, ба ифтихори ҷашни 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он ҷиҳати тақвият бахшидан ба худшиносиву худогоҳии миллии хеш аз “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни сайри Осорхона кормандони Хадамот бо муҳтавои асосии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, тағирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинос гардиданд.
Муассисаи мазкур калонтарин осорхона дар мамлакат буда, аҳамияти умумимиллӣ дорад. Осорхонаи миллии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Масоҳати умумии Осорхона 24 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла, 2 толори мудаввар сурат мегирад.
Инчунин, Осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ маҳзани нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Шуъбаҳои Осорхона дорои толорҳои канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори тӯҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.
Хазинаи экспонатҳои Осорхонаи миллиро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ҳамзамон, мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави Осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.
Пас аз боздид аз толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ба Осорхонаи миллӣ боздиди кормандон ба анҷом расид. Қайд карда шуд, ки аҳамияти чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тамошои Осорхонаи миллӣ ба мо – иштирокдорон таасуроти нотакрор бахшид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
