Бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд


Бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзови деҳаи Э.Ниёзови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бунгоҳи саломатии “Юлдузқоқ” ба истифода дода шуд.

Дар расми кушодашавии бунгоҳи саломатӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ Ализода Алишер, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорат Каримзода Тоҳир ва намояндагони аҳли ҷамоати деҳот ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ин бунгоҳи тиббӣ аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ бо ном Юлдузқоқ бо таҷҳизоти нави тиббӣ ба истифода дода шуд.
Худи ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти “Тахти сангин”-и деҳаи Файзуллоев бунгоҳи саломатӣ барои сокинони чамоати деҳот ба истифода дода шуд.
Тавре аз раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба мо маълумот пешниҳод гардид, бунгоҳи саломатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ сохта ба сокинони чамоати деҳот пешкаш гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо