• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Хуросон

Migration Service by Migration Service
19.02.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Хуросон
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Хуросон вохӯрии судмандро бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.

Зимни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар мавзуъҳои, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба савдои одамон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва терорристие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – терорристӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд.

Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланд пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию – терорристӣ ҷалб намоянд.

Инчунин, ҷавононро бахусус муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масчидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯянд.

Ҳамзамон масъулин иброз дошт, ки падару модаронро зарур аст, ки одобу ахлоқи фарзандонашонро дар мадди аввал гузоранд.

Нисбат ба гуфтору мумомилаву рафтори фарзандонашон натанҳо дар хона, балки дар кӯчаву мактаб ва донишгоҳ бетафовут набошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.

Як нуқтаи дигарро қайд намуд, ки албатта, тақлид карда, аз касе чизи хуб ва ё кори манфиатоваре омӯхтан хуб аст.

Вале афсӯс, ки баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯзаи мо тақлид ба одобу рафтор ва либоспӯшии мамолики Ғарб намудаанд.

Ба фарҳанге, ки риштаи шарқиёнаи хислатамонро ноаён бар меканад.

Зикр кардан бо маврид аст, ки дар вохӯрии мазкур раисони кумитаҳои маҳал ва имомхатибон муваззаф гардиданд, ки дар деҳаҳои худ бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар самтҳои болозикр ба роҳ монда, дар муҳлати кӯтоҳтарин аз натиҷааш ба бахши Хадамоти муҳоҷират гузориш манзур намоянд.

Дар хатми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ-истиқоматкунандагони ноҳияи Хуросон барои гирифтани маълумотҳои дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда ба бахши Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд ва ҷавобҳои дилхоҳи худро гиранд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Хуросон

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

Next Post
Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.