Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҳамрӯза идома дорад.
Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Абдулфайз Сафаров ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур дод, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии фаъолияти шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза дар фурудгоҳ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

